ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ” БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тақвияти фаъолияти ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 29 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмуни шаҳрии “Беҳтарин ҳамшираи шафқат” байни 8 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.

Озмуни мазкурро муовини раиси шаҳри Истаравшан Олимҷонода Толиб оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмуни шаҳрии “Беҳтарин ҳамшираи шафқат” байни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки дар таҷриба бори аввал аст, ин баланд бардоштани сатҳи касбии ҳамширагони шафқат, дарёфти усулҳои нави корбариву табобатӣ ва хусусан ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳа мебошад.
Довталабон аз рӯи 4 номинатсия қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа бо қарори аъзои ҳакамон ҷойи аввал насиби Шокирова Зироат ҳамшираи шафқати муассисаи таҳсилоти томактабии №7, ҷойи дуюм насиби Ҳомидова Шарифа ҳамшираи шафқати муассисаи таҳсилоти томактабии №2 ва ҷойи сеюм насиби Ҳайдарова Башорат ҳамшираи шафқати муассисаи таҳсилоти томактабии №6 гардид.
Дар фарҷом ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин ҳамшираи шафқат” байни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо дипломҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дигар иштирокчиён бо сипосномаҳои Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

             

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*