Оиди пешгирии коронавирус дар МТМУ №13

23 апрел дар МТМУ №13 Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур, мулоқоти гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳр бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода баргузор гардид.

Дар мулоқот доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбии «Covid-19» зикр шуд, ки ин вирус тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст ва новобаста аз синну сол метавонад ба ҳама таҳдид кунад. Бинобар ин аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои табибонро доир ба гигиенаи шахсӣ ҳамарўза риоя намоянд.
Ҳамчунин дар мулоқот намояндагони МИҲД-шаҳр Султонова Маҳварбону, Ҳотамов Аскар ва Сайфиддинова Шоиста иштирок намуда, оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*