ОЛИМОНИ ҶАВОН Ё ОИЛАЕ ХУШНОМ!

ОЛИМОНИ ҶАВОН Ё ОИЛАЕ ХУШНОМ!
Даврони истиқлолият барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони кишвар шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Хушбахтона, насли созандаи мо дар партави ҳаёти осоиштаву тақозои замони нав ва хиради эҷодгару қалби эъҷозофар ба муваффақиятҳои зиёд ноил мешаванд.
Ду фарзанди вафодори Истаравшани бостон Шерзод Азизов ва Шоиста Бобоева, ки риштаҳои умрро ба ҳам пайваста, соҳиби ду шаҳгули умед – Шаҳрўза ва Шоҳин ҳастанд, дар ҷодаҳои пўиши илм ба қуллаҳои баланд расидаанд.
Ҳар ду мактаби деҳаро хубу аъло хатм карда, аввал факултети рассомӣ-графикӣ (ҳозира факултети санъати тасвирӣ ва технология), баъд магистратураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо дипломи аъло хатм намудаанд.
Шерзод Азизов номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, пайваста дар конференсияҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо маърўзаҳои ҷолиби диққат баромад менамояд. Аз ин рў, солҳои 2017, 2018 паиҳам дар озмуни “Олими ҷавони сол” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, диплом ва медали ифтихорӣ дар миқёси донишгоҳ гардидааст.
Шерзод Азизов моҳи декабри соли 2018 тариқи озмун сармуаллими кафедра ва аз феврали соли 2019 муовини декан оид ба таълими факултети санъати тасвирӣ ва технология таъин шуд.
Соли 2019 ин ҷавони серталабу донишманд рисолаи диссертатсионии худро таҳти унвони “Муносибати босалоҳият дар такмили фаъолияти эҷодии хонандагони синфҳои 5-9 дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) дар боби ҳунарҳои мардумӣ” дифоъ намуда, дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогиро сазовор шуд.
Инчунин, Шерзод бо гурўҳи кории муаллифон ва тренерони Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон дар татбиқи низоми муносибати босалоҳият дар муассисаҳои миёнаи умумӣ чандин роҳнамои таълим барои омўзгорон, замимаҳои китобҳои дарсии фанҳои технология (таълими меҳнат) ва нақшакаширо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, соли 2020 китобҳои дарсии технология (таълими меҳнат) барои синфҳои 5, 6 ва 8-ро дар ҳаммуаллифӣ омода намуд, ки он бо тавсияи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрас карда шуд. Шерзод Азизов солҳои фаъолият дар донишгоҳ доир ба мавзўи тадқиқотӣ ва мавзўъҳои мубрами муосир зиёда аз 50 мақола ва бештар аз 25 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методиро ба нашр расонид.
Шоиста Бобоева доктори фалсафа (PhD), дотсенти кафедраи фавқуззикри факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ аст.
Шоиста низ дар конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ пайваста бо маърўзаҳои ҷолиби диққат ширкат мекунад. Ҷоизадори “Докторанти соли 2018” ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.
Шоиста соли 2020 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Методикаи истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир дар таълими фанҳои графикии донишҷўёни донишгоҳҳои педагогӣ» бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Исломов Озод Азимович бомуваффақият дифоъ намуд, Доир ба мавзўи тадқиқоташ дар маҷаллаҳои илмӣ зиёда аз 27 мақола, ҳамзамон бештар аз 5 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ ба нашр расонидааст.
Ба ҷуз аз роҳи баъдии расидан ба қуллаҳои илм ва иқболи оилавӣ чӣ метавон орзу кард ба ин ҷавонони хушбахти даврони истиқлолият. Ҳамеша муваффақу комгору бахтиёр бошед, Шерзод ва Шоиста!
Равшанрой.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*