Оғози киштукор дар Истаравшан

Наврӯз – яке аз қадимтарин ҷашнҳои олам ба шумор рафта, рамзи бедоршавии табиат, вақти пок шудани қалбҳо ва оғози кишту кор мебошад.
Ҷуфтбаророн яке аз анъанаҳои милии деҳқонии халқи тоҷик буда, дар арафаи Наврӯз баргузор мегардад ва оғози мавсими киштукори баҳорӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола халқи тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ин анъанаро баргузор намуда, қисман киштукорро оғоз менамуд ва бо ин амали рамзӣ киштукори деҳқонон оғоз меёфт.
Вобаста ба ин дар Ҷамоати деҳоти “Қалъачаи Калон” чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ раиси ҷамоат Ҷамшед Ҳасанов ва мудири шӯъбаи умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Илҳом Юлдошев иштирок намуда аз номи раиси шаҳр ва МИҲД-и шаҳр деҳқононро табрик гуфтанд. Қайд шуд, ки барои баргузории чунин чорабинӣ дастгирии соҳибкорон хеле назаррас аст.
Бо ҳамин ба мавсими киштукори баҳорӣ дар Истаравшан қадами аввал гузошта шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*