Оғози кори шӯъбаҳои нав дар Мактаби санъат

Бо баробари оғози соли хониши нави 2020-2021 дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Истаравшан якчанд шӯъбаҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Имрӯз бо иштироки муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Рустам Исмоилов ва мудири бахши фарҳанг Шарифҷон Сангинов дар мактаби мазкур шӯъбаи рақс аз нав фаъолияти худро оғоз намуда, омузгор Шоҳида Боқиева барои тарбияи насли наврас барои равнақ додани санъати рақси тоҷикӣ камари ҳиммат бастааст.
Чуноне, ки директори мактаб Дилмурод Ашӯров иттилоъ дод,
дар соли нави хониш шӯъбаҳои омӯзиши асбобҳои мусиқии ғижжак ва гитара низ ба фаъолият шурӯъ намуда, омӯзгорони ботаҷриба барои равнақ додани истеъдоди наврасон кӯшиш намуда истодаанд. Соли равон дар инҷо 21 омӯзгор ва 220 талаба ба қайд гирифта шудааст.
Ногуфта намонад, ки бинои Мактаби санъати бачагона дар таътили тобистона қисман таъмир гашта намуди берунии он пурра рангубор карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*