“РАХШ ТАКСИ 33 33” ва оғози фаъолияти он дар шаҳри бостонии Истаравшан!

Ширкати ватании “Рахш Такси 33 33” яке аз арзандатарин ниҳодҳо дар хизматрасонии нақлиётӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир буда дар оғози таъсис ва фаъолиятҳои густурдааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз шарофатмандона ва шуҷоъона дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоштаву мегузорад. Ширкати мазкур бо иродаи устувору қавии ватандорӣ дар роҳи хидмати шоиста ба халқу Ватан муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда имрӯз ба дилу дидаи ҷомеа роҳ ёфтааст. Ба ҷуз 24 Соат хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳру навоҳии мамлакат боз амалҳои хайр, кӯмакҳои ғизоӣ ба ятимону солмандон, модарони танҳо ва маъбон бахше аз ҳадафҳои башардӯстонаву инсонгароёнаи Ширкати “Рахш Такси” – ро дар бар мегирад.
Давоми ду соли охир бо тақозои аҳолии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ доманаи хизматрасониҳои Ширкати ватании “Рахш Такси – 33 33” васеъ гардида филиалҳои он дар маркази шаҳру вилоятҳое аз қабили шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Данғара, шаҳри Панҷакент, шаҳри Хуҷанд ва ниҳоятан филиали ширкат дар шаҳри ёдгориҳои таърихӣ ва тамаддунии миллати тоҷик яъне шаҳри қадимии Истаравшан таъсис гардид ва фаъолиятҳои шабонарӯзии “Рахш Такси” субҳи рӯзи 29 – уми январи соли 2021 дар инҷо оғоз гардид.
Чуноне, ки назарсанҷиҳо миёни сокинони шаҳри Истаравшан ва атрофи он собит намуд мардуми шаҳр аз ин иқдоми нек бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хушҳол шуда сипосу миннатдории худро баён менамоянд.
 Манбаъ: Маркази Иттилоотии “Рахш”

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*