РОҲБАРИЯТИ НАВИ КАТС ДАР ШАҲР МУАРРИФӢ ГАРДИД

РОҲБАРИЯТИ НАВИ КАТС ДАР ШАҲР МУАРРИФӢ ГАРДИД

Субҳи 11 октябри соли ҷорӣ дар толори Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ҷаласаи васеи соҳаи тандурустӣ доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаи тағйироти кадрии роҳбарияти Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Султонов Шавкат бо хоҳиши худ аз вазифаи менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр озод ва ба ҷойи ӯ Шодиев Шодмон ба ин вазифа таъин гардид.
Зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти шаҳр хизматҳои Султонов Шавкат дар рушди соҳаи тандурустии шаҳр махсус таъкид гардида, дар мавриди муаррифии Шодиев Шодмон ба симати роҳбари нави Катс-и шаҳр мушкилоту камбудиҳои мавҷудаи соҳа таҳлил карда шуд ва барои андешидани тадбирҳои назаррас ва роҳандозӣ намудани иқдомҳои нав аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, роҷеъ ба тақвияти эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавирус “COVID-19”, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳои марбута ибрози назар карда шуд.
                                                                                                    ШОДИЕВ ШОДМОН
Шодиев Шодмон то ин дам дар вазифаҳои гуногуни соҳаи тандурустии шаҳр ва вилоят фаъолият кардааст. Аз ҷумла диспансери калони дили вилояти Суғд, табиби амрози дарунӣ дар Беморхонаи марказии шаҳр, мудири шуъба ва баъдан директор дар муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан”, мудири шуъбаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси Хадамоти давлатии экспертизаи тибии иҷтимоии вилояти Суғд ва шуруъ аз соли 2016 ба ҳайси сардори шуъбаи байниноҳиявии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан фаъолият менамуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*