РУШДИ ВАРЗИШИ ЗЕҲНӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

РУШДИ ВАРЗИШИ ЗЕҲНӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Нимаи дуюми 19 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ба номи “Саидғозиев Пӯлодхӯҷа”-и шаҳр мусобиқаи варзишӣ дар намуди шоҳмот ва шашка байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати маориф, Кумитаи идораи замин ва беморхонаи марказии шаҳр баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта шуда, варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзишии ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*