Рушди соҳаҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ

16-уми декабр дар муассисаи давлатии Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири бахши рушди сайёҳии МИҲД-и шаҳр Саъдулло Маҳкамов, директори муассиса Насриддин Хоҷаев, омўзгорон ва донишҷўён конфренсияи илмӣ–назариявии «2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.
Нахуст дар саҳни КҲМ дастранҷи донишҷўён ба маърази тамошо гузошта шуд. Сипас, дар синфхонаи фанни забони русӣ Насриддин Хоҷаев ва омўзгорон дар мавзўъҳои мухталиф маърўзаҳо намуданд. Аз қабили профессор Муним Ҳасанов оид ба «Аъзогии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳамчун омили рушди сайёҳӣ дар кишвар», номзади илми математика Иззатулло Ҷўраев дар бораи «Туризм соҳаи фоидаовар», муаллимаи фанни забони русӣ Равшаной Сафарова перомуни «Роль русского языка в развитии туризма и народных ремёсел», тарроҳ Нигора Шодиева дар мавзӯи «Либос нишон аз фарҳанги миллӣ» ва китобдор Фарзона Шодиева доир ба «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди фарҳанги миллӣ» маърўзаҳо хонданд.

Дар конфронсияи илмӣ–назариявӣ қайд гардид, ки соли равон ба Истаравшан 31818 сайёҳон (аз ин шумора 2446 сайёҳи хориҷӣ) ташриф орварданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*