Рӯзи варзишгарон

Имрӯз – 10 август, бахшида ба Рӯзи варзишгарон, таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ чорабинӣ бо иштироки варзишгарони Истаравшан доир шуд.
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши
шаҳр Аскар Ҳотамов ҷамъомадагонро бо Рӯзи варзишгарон табрик гуфт. Сипас, ба 15 нафар варзишгар сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим карда шуд. Мураббии футбол Даврон Баротов аҳли толорро бо Рӯзи варзишгарон табрик гуфта, барои дастгирӣ ба Ҳукумати шаҳр изҳори сипос намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*