РӮЗИ ДОНИШ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

РӮЗИ ДОНИШ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Дониш ҳамчун санаи муҳим таҷлил карда мешавад, ки ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат ба аҳли илму маориф мебошад.
Субҳи 1 сентябри соли ҷорӣ Рӯзи дониш ва Соли нави таҳсил бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ, омӯзгорон хонандагон ва волидайни онҳо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Набиҷон Қодиров таҷлил карда шуд.
Таҷлили Рӯзи дониш бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, ба кулли омӯзгорон ва хонандагон оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси Сулҳро шодбош гуфт. Зикр гардид, ки бо шукргузорӣ аз даврони соҳибихтиёрӣ ва шукуфоии кишвар, ки алҳол дар остонаи ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва файзу баракати истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот аз сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, сол аз сол соҳаи маориф низ дар баробари дигар соҳаҳо рушд ёфта истодааст. Воқеан, мактабу маориф маҳзани муқаддаси омўзиши илму маърифат ва асоси ташаккули ақлу зеҳн, бедории фикрӣ, шинохти шахсият, одоби ҳамидаву шоистаи насли наврас ва дар умум, василаи муҳими ба камол расонидани шахсият мебошад. Набояд фаромуш кард, ки омўзгор ҳамеша раҳнамову раҳкушои насли оянда буда, бо нури заковати худ ба онҳо маърифат меомўзонад. Мақому манзалати муаллим дар ҷомеа боло буд, ҳаст ва абадӣ хоҳад монд. Боиси ифтихормандист, ки имсол кулли омўзгорону хонандагон, падару модарон Рӯзи донишро бо руҳияи баланди меҳанпарастию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ дар доираи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Истаравшан низ ба маориф таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад. Чунончӣ, дар 30-соли Истиқлолият дар шаҳри Истаравшан 29 бинои таълимӣ барои 8293 ҷойи нишаст, 152 синфхонаҳои иловагӣ барои 4235 ҷойи нишаст, 11 толори варзишӣ ва 54 иншоотҳои ёрирасон сохта ба истифода дода шуданд. Танҳо дар 8 моҳи соли равон дар муассисаҳои таълимии шаҳр 12 синфхонаҳои иловагӣ, 1 кӯдакистон, 1 толори варзишӣ ва 2 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар 3 муассисаҳои таълимӣ сохтмони 3 бинои нав, дар 8 муассисаҳои таълимӣ 44 синфхонаҳои иловагӣ, бунёди 5 толори варзишӣ, 1 муассисаи таълимии нав ва 1 кудакистон идома дорад.
Бори дигар Шумо кулли омўзгорон, хонандагон, падару модарони арҷмандро бо фарорасии Иди дониш самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Сарбаланду некном бимонед! – афзуд раиси шаҳри Истаравшан.
Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ кулли толибилмон ва омӯзгоронро бо Рӯзи дониш табрику таҳният намуда, Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи донишро ба самъи ҳозирин расонид. Пас аз суханрониҳо, занги аввал садо дода, толибилмон ба дарсхонӣ шурӯъ намуданд. Аз рафти ҷараёни дарсҳо раиси шаҳри Истаравшан ва намояндаи мақомоти давлатии вилояти Суғд боздид намуда, бо толибилмон сӯҳбати самимӣ оростанд. Аснои сӯҳбат яке аз хонандаи фаъол, ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ва иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст” Алимбеков Юсуфҷон аз эҷодиёти хеш бо ифтихор аз пешрафту шукуфоии кишвар шеър қироат намуд, ки аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.
Таҷлили Рӯзи дониш ва Соли нави хониш дар фазои сулҳу шодӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*