Рӯзи дониш

Бахшида ба рӯзи Дониш, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 1-уми сентябр қайд мегардад, дар муассисаҳои таълимии шаҳр дарси сулҳ бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр ва омӯзгорону хонандагон доир гардид. Аз ҷумла дар МТМУ №14 бо иштироки намояндаи  МИҲД-и шаҳр, раиси ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев ва намоянда аз раёсати маорифи шаҳр Мӯсо Олимов доир шуд. Комил Мирзоев фарорасии рӯзи дониш ва ощози соли нави таҳсили 2019-2020-ро муборакбод гуфта, иброз дошт, ки МИҲД-и шаҳр ва кулли кормандони соҳаи маориф Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллц, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалц Раҳмоновро сармашқи фаъолияти худ дониста, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас кӯшиши зиёдеро ба харҷ дода истодаанд.

Баъдан директори муассисаи мазкур ва волидайни хонандагон низ ба сухан баромада фарорасии рӯзи донишро муборакбод намуданд.

                                               Шавкат Ҳасанов, рӯзноманигор

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*