Рӯзи коррупсия

Бахшида ба ин рӯз дар Гимназияи #1 шаҳри Истаравшан конференсия бо иштироки намояндагони раёсати маорифи шаҳр, омӯзгорони фанни ҳуқуқи муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони Гимназия доир шуд.
Директори Гимназияи #1 М. Саидахмедов, муовини раиси маориф Акмал Аҳроров, омӯзгор Умедҷон Нуруллоев ва хонандагони Гимназия ба сухан баромада иброз доштанд, ки проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад. Коррупсия зиндагии солимро дар ҷомеа халалдор намуда, давлатдориро, ки олитарин навъи мавҷудияти як миллат аст, ба хатар меандозад.
Бинобар ин ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем.
Дар рафти конференсия хонандагони Гимназия саҳначаҳои ҷолибро дар ин мавзӯъ намоиш доданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*