РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАМУНАВӢ ВА КОМПОЗИТСИЯИ АДАБӢ – ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “КОРНАМОИҲОИ ОНҲО ҶОВИДОНИСТ” ДАР МТМУ №1 БА НОМИ НАБИҶОН ҚОДИРОВ

РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАМУНАВӢ ВА КОМПОЗИТСИЯИ АДАБӢ – ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “КОРНАМОИҲОИ ОНҲО ҶОВИДОНИСТ” ДАР МТМУ №1 БА НОМИ НАБИҶОН ҚОДИРОВ
Дар асоси нақша чорабиниҳои ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шурӯъ аз моҳи апрел дар муассисаҳои таълимии шаҳр баргузории машқҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои табии, омодагии ҳамаҷониба ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ байни толибилмон оғоз гардид.
Вобаста ба ин субҳи 22 апрели соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорон ва толибилмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Набиҷон Қодиров Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ ва композитсияи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Корнамоиҳои онҳо ҷовидонист» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, сардори Раёсати маориф Пӯлотова Г, сардори бахши ҳодисаҳои фавқулодаи ш. Истаравшан Абдуллоев Л, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр Одиназода Ф, сардори қисми ҳарбикунонидашудаи оташнишонии №10 Абдуҷалилзода Н, раиси ҷанговарони байналмиллал Мирзо Олимов, роҳбарони шабакаи барқ, тоҷиктелеком, беморхонаи марказӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, иштирокдорон аз ҷониби директори муассиса бо Фармони гузаронидани рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ шинос карда шуданд.
Сипас раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ, неруҳои ғайриҳарбӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огаҳкунӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар идомаи суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафт ва ободонии кишвар камари ҳиммат баста, аз фарҳанги миллӣ, таърихи дину мазҳаби хеш огоҳ гарданд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайридинӣ шомил нагарданд. Инчунин масъулин ҷиҳати ба таври зарурӣ баргузор намудани рӯзи мудофиаи граждании ягона вазифагузорӣ карда шуданд.
Ҳамзамон раиси шӯрои ҷанговарони байналмилал Мирзо Олимов маърӯза намуда, аз мактаби мардонагӣ ва корнамоиҳои ҷанговарон ёдовар гардид.
Дар идома, аъзоёни ситоди шаҳрӣ, муаллимони омодагии дифои харбии муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни ин чорабинӣ бо толибилмон оиди ҳодисаҳои табии ва пешгирии он, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуш пурсишҳо гузарониданд. Аз рафти чавобҳои хонандагон муайян гардид, ки дар ин муассисаи таълимӣ доир ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, наврасон дорои донишу малакаи хуб мебошанд.
Пас аз ҷамъбасти маърӯзаҳо дар чанде аз муассисаҳои таълимӣ дарсҳои кушоди намунавӣ гузаронида шуда, барои санҷиши омодагии дастаҳо хонандагон ва ҳафт дастаи нерӯҳои ғайриҳарбӣ бо садо додани бонги хатар дар саҳни мактаб саф оростанд ва ба сардори ситоди мудофиаи гражданӣ доир ба омодагии гурӯҳҳо ахборот доданд. Гуруҳҳои алоқа, наҷотдиҳӣ ва оташхомӯшкунӣ вазифаҳое, ки ба зима доштанд, бо таёрии хамаҷониба ва маҳорати баланд иҷро намуда, аз ҷониби наврасон машқҳои омодагии дифои ҳарбӣ намоиш дода шуд.
Дар фарҷом барои иштироки фаъолона як қатор масъулон, омӯзгорон ва сардорони гурӯҳҳои нерӯҳои ғайриҳарбӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*