РӮЗИ ОМӮЗГОРОН БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

РӮЗИ ОМӮЗГОРОН БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

1 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Қодирӣ Абдусаттор, сардори раёсати маорифи шаҳр Пӯлотова Гулрӯ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорон, зиёиён, намояндагони васоити ахбори омма ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи омӯзгор ботантана таҷлил карда шуд.

Нахуст меҳмонон ва устодон аз намоиши ҳунарҳои дастӣ ва ихтирооти хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дидан намуда, ба маҳсули дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми раиси шаҳр Қодирӣ Абдусаттор омӯзгоронро бо рӯзи идашон табрику таҳният намуд ва паёми шодбошии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба муносибати Рӯзи омӯзгоронро ба саҳми аҳли нишаст расонид.
Қайд гардид, ки мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштани ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки маориф, яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа буда, имрўзҳо яке аз умдатарин масъулияте аст ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷўҳи хоса ва масъулияти баланд муносибат намоем, зеро инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ ва умуман ноил шудан ба пояҳои баланди иқтисодӣ, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон вобастааст ба рушду тараққиёти диёр бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд мебошад.-афзуд муовини якуми раиси шаҳр
Сипас 65 нафар омӯзгороне, ки дар фаъолияти касбӣ ва таълиму тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзандаи хешро гузоштаанд бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи меҳру муҳаббати омӯзгор, бузургии ӯ, сулҳу ваҳдат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*