Рӯзи Чернобилчиён

Бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ҳамасола моҳи апрел дар қаламрави шаҳри Истаравшан рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи нерўгоши барқи атомии Чернобил гузаронида мешавад.

Бахшида ба ин имрӯз дар назди муҷассамаи ёдгории бартарафку-нандагони садамаи Чернобил муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, намояндаи ҷамъияти Чернобилчиёни вилояти Суғд Неъматов, раиси ҷамъияти иттифоқи маъюбони Чернобили шахри Истаравшан Аъзам Ҳоҷиев, меҳмонон ва иштирокчиёни садамаи Чернобил дар якҷоягӣ гулчанбар гузошта, барои қурбониен дақиқаи хомӯшӣ намуданд.

Сипас дар тарабхонаи «Орзу» қисми фарҳангии чорабинӣ бо иштироки санъаткорони шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ба баратарафкунандагони садамаи Чернобил сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим карда шуд. Инчунин дар чорабинии мазкур раиси шӯрои ҷанговарони интернатсионалист Мирзо Олимов ва собиқадорони садамаи Чернобил сухан гуфта, бартарафкунандагони садамаи Чернобилро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*