Рӯзи Шашмақом

Санаи 12 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Шашмақом шинохта шудааст. Ба ин муносибат имрӯз ҳунармандони ансамбли “Шашмақом”-и шаҳри Истаравшан бо роҳбарии Шарифҷон Сангинов бо суруду мусиқиҳои санъати волои тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.

Шашмақом аз зумраи санъати миллати тоҷик аст, ки соли 2000-ум дар феҳристи куҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва сармояи ғайримодии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Ҳунармандони ансамбли “Шашмақом”-и бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Эҳроми Бобоҷон, Лутфулло Ҳоҷимуродов, Хуршед Абдураҳмонов ва Шарифҷон Сангинов бо иҷрои “Дугоҳ”, “Қашқарчаи савти наво”, “Чапандози ироқи бухоро” ва дигар сурудҳои Шашмақом ҳунари худро намоиш доданд.

Мусиқии “Шашмақом” дунёи бекарони савту навоҳост, ки онро аҷдодони мо дар тӯли садсолаҳо офаридаанд ва садҳо ҳунармандони асил бо илҳоми саршор иҷро менамоянд.

                                                    Шавкат Ҳасанов

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*