Самти саноат

Дар шаҳри Истаравшан оид ба тараққӣ додани соҳаи саноат, бунёди корхона ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ масъулини соҳаҳои марбута тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Дар давоми семоҳаи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 103 млн. 709,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн 705,5 ҳазор  сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115,2 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра 2 адад корхонаҳои нави хурди истеҳсолӣ ҶДММ “Нур-Пак” бо 8 нафар ҷои корӣ, ҶДММ “Кафшгар” бо 23 нафар ҷои корӣ ва 3 адад коргоҳҳои  хурди истеҳсолӣ аз тарафи 3-нафар соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар маҷмӯъ 50 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гаштанд.

Таҳлилҳо собит намуд, ки дар ин давра нисбати ҳамин давраи соли гузашта, дар корхонаҳои ҶДММ “Ноҳид” истеҳсоли маҳсулотҳои трикотаҷӣ 112,8%,  корхонаҳои истеҳсоли мебелбарории ҶДММ “Шаҳло” ба 127,7%, коргоҳи истеҳсолии дӯзандагии ҶДММ “Аъло-7” ба 120,5%, коргоҳи истеҳсоли бозиҳои бачагона ҶДММ “Автошина”- ба 117,9%, ҶДММ “Адл”- ба 142,5%, ҶДММ “Пешво-С” ба 146,8%, ҶДММ “Суғд-Нурпласт” ба 600%, истеҳсоли равғани растанӣ ҶДММ “Покиза-2013” ба 227,4%, истеҳсоли зарфҳои пласмаси ҶДММ “Сифат-2017” ба 240,6% расонида шуд.

Дар корхонаҳои саноатии шаҳр бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот, шумораи коргарон низ афзоиш ёфта, ба 101 нафар баробар гардид, дар маҷмӯъ ин нишондод ба 943 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112% афзудааст.

Аз ҷумла дар корхонаҳои саноатии ҶСП “Оби Зулол” – 32 нафар, ҶДММ “Авангард – 2013 – 8 нафар”, ҶДММ “Автошина”- 22 нафар, ҶДММ “Адл” – 22 нафар, ҶДММ “Муад”-4 нафар, ҶДММ “Камолҷон-2013”-3 нафар, ҶДММ “Аъло-7”- 7 нафар ва ҶДММ “Пешво-С” – 3 нафар зиёд гаштааст.

²амчунин, музди маош дар корхонаҳои ҶСП “Оби –  Зулол” ҶДММ “Покиза-2013”, ҶДММ “Автошина”, ҶДММ “Камолҷон-2013”, ҶДММ “Муад” ва ҶДММ “Пешво – С” – нисбати соли гузашта мутаносибан аз 100 то 500 сомонӣ зиёд гардидааст.

Чуноне, ки медонем яке аз роҳҳои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ махсусан барои занону духтарон ва ҳалли масъалаҳои маҳсулотҳои воридотивазкунанда дӯхтани сару либос ва махсусан сару либоси ягонаи мактабӣ маҳсуб меёбад.

Бо ин мақсад дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 30 адад коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ фаъолият мебаранд.

Барои соли хониши нави 2020-2021 оиди дӯхт ва таъмини либосҳои ягонаи мактабӣ зиёда аз 30300 нафар толибилмон ва омӯзгорон аз тарафи 4 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр шартномаҳо басташуда, корҳо ощоз гардидааст.

Шӯъбаи рушди иқтисод ва савдо

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*