САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МОГИЛЁВИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС БА ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ МОГИЛЁВИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС БА ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд намояндагони вилояти Могилёв таҳти роҳбарии муовини Раиси Комиҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Страхар Руслан Борисович ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо расму оинҳои миллӣ ва меҳмоннавозии хос пешвоз гирифта, дар боздидҳо онҳоро ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳайати меҳмонон, ки аз соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус иборат буд, аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва дар идома аз корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан боздид ба амал оварданд.
Меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии тарроҳони чирадаст ва маҳсули дастии донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дидан намуда, ба ҳунару маҳорат ва малакаи касбии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идома соҳибкорони вилояти Могилёв аз раванди истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Оби Зулол”, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Адл» боздид ба амал оварда, бо маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи корхонаи саноатии “Ноҳид” ошноӣ пайдо намуданд.
Дар доираи сафари мазкур ҷонибҳо атрофи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиву тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

          

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*