Семинари Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаҳои 11-13 октябри соли 2019 дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан семинар оид ба давраи омӯзиши ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиш баргузор гардид.
Дар кори семинар Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур аз минтақаҳои ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод, Деваштич ва шаҳри Истаравшан маъмуриятҳои матақаҳои варзишӣ, Раисони филилаҳои Федератсияҳои варзишӣ дар минтақа ва мураббиёни варзишӣ, ноиби Раиси Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшоҳ, сармутахассиси шӯъбаи дастаҳои мунтахаби ҷумҳурии кумита Сӯҳробшои Акбаршоҳ, сармутахассиси шуъбаи байналмилалии кумита Баҳриддини Айниддин ва мудири бахши кор бо ҷавонон варзиши шаҳр Ҳотамов Аскар иштирок доштанд.
Аз тарафи масъулини соҳа дар мавзӯҳои муфиди гуногуни имрӯза ликсияҳо манзур карда шуд.
Семинар тӯли 3 рӯз давом дод. Ба иштирокчиёни семинар аз тарафи Кумитаи миллии олимпӣ сертификат тақдим карда шуда фаъолияти ҳамбастагии минбаъдаи бахш бо якҷоягӣ Кумитаи милли олимпӣ ва Федератсияҳои варзишӣ муҳокима карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*