Семинари экология

Семинар

1-уми август дар тарабхонаи «Орзу»-и шаҳри Истаравшан бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар мавзўйи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» семинари минтақавӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич ва Зафаробод иштирок намуданд.

Дар қисми аввали семинар оид ба мақсади баргузории ҷамъомад муовини аввали раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, намояндаи Дафтари барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе Муҳаббат Камарова ва намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Хуршед Саидов сухан гуфтанд.

Сипас намояндаи Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Икром Мамадов презентатсия доир намуд. Зимни намоиши слайдҳо доир ба таърихи қабулшавӣ ва принсипҳои асосии Конвенсияи Орхус – дастрасии экологӣ, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ин Конвенсия 25-уми июни 1998 дар шаҳри Орхуси Дания қабул шудааст. Тоҷикистон тибқи қарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми июни соли 2001, таҳти №594 шомили  ин конвенсия гардид.

Дар қисмати ҷамъбастӣ пешниҳод ва таклифи иштирокчиён оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ шунида шуд.

Шавкат Хасанов, рӯзноманигор

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*