Ситоди пешгирии бемориҳои сироятӣ

24-уми сентябр дар саҳни масҷиди ҷомеи “Ҳазрати Шоҳ” бо иштироки кормандони бахши дин ва беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан мулоқоти судманд бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва кормандони бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо доир гардид.
Роҳбари гуруҳи корӣ, муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода оиди риояи гигиенаи шахсии мардум, гаштугузор бо ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи талаботҳои ситоди ҷумҳуриявӣ
дар тӯйю маърака суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки баҳри пешгирии сироятёбӣ, маросими дафну азодорӣ низ бо теъдоди ками мардум баргузор карда шаванд.
Муовини сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Ғафурҷон Маъруфӣ оиди бемории сироятии коронавирус “COVID-19”,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Аскар Ҳотамзода оиди корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва
имомхатиби масҷиди ҷомеи “Ҳазрати Шоҳ” Абдушукурхон Тӯраев оиди риояи иҷроиши банди талаботҳои протоколии ситоди ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*