СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ, ФАЪОЛАЗАН БУРҲОНОВА КАРОМАТ 74-СОЛА ШУД

СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ, ФАЪОЛАЗАН БУРҲОНОВА КАРОМАТ 74-СОЛА ШУД

13 декабри соли ҷорӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фирӯза Мӯъминова ва намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Абдуваҳобова Муаззама бо мақсади табрикот ба муносибати зодрӯз ба манзили собиқадори соҳаи маориф, фаъолазан Бурҳонова Каромат ташриф оварданд.
Зимни аёдат масъулин соҳибҷашнро, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф кор карда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст ва номбардори кору фаъолияти хеш гаштааст, ба муносибати 74-умин солгарди рӯзи мавлудаш шодбош гуфта, аз номи роҳбари Давлат паёми табрикотӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд. Қайд гардид, ки ҳаёту фаъолияти ин шахси барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.
Бурҳонова Каромат 4 карат омӯзгори дараҷаи Олӣ буда, барои меҳнатҳои фидокоронааш бо мукофотҳои давлатӣ ва унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ шудааст. Мавсуф айни замон дар иҳотаи фарзандону наберагон зиндагии осоишта дошта, соҳиби 5 фарзанд, 14 набера ва 14 абера мебошад.
Аснои аёдат соҳибҷашн аз ғамхорӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болида гардида, шукронаи нозу неъмат ва амну осоиштагии кишварро намуд ва дуои он дошт, ки дар Ватани азизамон фазои сулҳу оромӣ ҷовидона насиб ва Пешвои миллат соябону раҳнамои мардуми Тоҷикистон бошанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*