Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои асосии шаҳри Истаравшан

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешво миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми таърихиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (26.12.2018с) саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд.

Ин иқдоми некро мардуми шарифи  шаҳри Истаравшан бо хушнудии комил истиқбол гирифтаанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷиҳати таҳкими нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб меравад, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 488 млн 108,7 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  85 млн 992,6 ҳазор сомонӣ зиёд гаштааст ва суръати афзоиш 121,4 %-ро ташкил намуд.

Айни ҳол мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Истаравшан 47 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият мебаранд.

       Ташкил намудани корхонаҳои нав яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроия ба шумор рафта, дар 11 моҳи  соли 2019,  4 адад корхонаи нави истеҳсолӣ-саноатӣ аз ҷумла; ҶДММ «ООО Тоҷикистон» – истеҳсоли орд шумораи коргарон-28 нафар,  ҶДММ «Сифат 2017» – коркарди партовҳо ва истеҳсоли зарфҳои пластмасӣ шумораи коргарон 7 нафар, ҶДММ «Ҳаит Ваҳҳобов» истеҳсоли хишти пухта шумораи коргарон 5 нафар, ҶДММ «Ҷобири Собир» -истеҳсоли сангҳои ороишӣ шумораи коргарон 4 нафар ва аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ 8 адад коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бо ташкил намудани 47 адад ҷойи нави корӣ дар маҷмӯъ 91 адад ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурўъ намудааст.

Дар шаҳр оиди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳо андешида шуданд. Таҳлилҳо собит намуд, ки дар ин давра нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар корхонаҳои ҶДММ “Ноҳид” истеҳсоли маҳсулотҳои трикотаҷӣ – 119,3% иҷро гардид,  корхонаҳои истеҳсоли пойафзол ҶДММ “Нигин 5”-142,6%, коргоҳи истеҳсоли мебел ҶДММ “Шаҳло”-133,3%, коргоҳи истеҳсоли дӯзандагии ҶДММ “Аъло-7”-115,1 %,коргоҳи истеҳсоли бозиҳои бачагона ҶДММ “Автошина”-128,9%, ҶДММ “Адл”-255,2%, ҶДММ “Авангард 2013”-106,7% расонида шуд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ 24 намуд маҳсулотҳои воридивазкунанда ба маблағи 258 млн. 793 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки аз ҷумла танҳо ҶСП «Оби Зулол» – 237 млн. 283,5 ҳазор сомониро дарбар мегирад, аз қабили  ҶДММ «Ноҳид» – маҳсулотҳои кешбофӣ, футболкаи бачагона –1 млн 228,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Покиза 2013» – равғани растанӣ – 1 млн 132,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Муад» – зарфҳои сирдор – 499,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Нигин 5» – истеҳсоли пойафзоли мардона ва занона – 530,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Адл» – 6 млн 627,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Автошина» – 1 млн 514 ҳазор сомонӣ истеҳсоли бозичаҳои бачагона, ҶДММ «Авангард 2013» – истеҳсоли равғани муҳаррик – 6 млн 556 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Пешво С”- истеҳсоли тафсонҳои (печкаҳои) барқӣ -320 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Камолҷон 2013» – истеҳсоли ресмони полиэтиленӣ – 413,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Ҳадид» – истеҳсоли аломатҳои роҳ – 417,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Рахшон» -истеҳсоли молҳои рӯзҳор -101,0 ҳазор сомонӣ, «Сифат 2017», «Нур-Принт», «Чашмаи мурод», «Ҷамшеди Истаравшан», «Аъло 7», «Шаҳло» ва ҳайраҳо мебошанд.

Дар корхонаи ҶСП “Оби Зулол” – 20 нафар, ҶДММ “Покиза-2013” -3 нафар, ҶДММ “Сафеда – 2 нафар”, ҶДММ “И.Сомонӣ”- 2 нафар, ҶДММ “Нигин 5” -2 нафар, ҶДММ “Рахшон”-4 нафар,ҶДММ “Шаҳло”-4 нафар ва ҶДММ “Автошина”-5 нафар  шумораи коргаронро зиёд намудаанд.

Ҳамчунин музди маош дар корхонаҳои ҶСП “Оби Зулол” ҶДММ “Нигин”, ҶДММ “Агробизнес” ҶДММ “Нодир 2000” ҶДММ “Ҷураев Ш”, ҶДММ “Ноҳид”, ҶДММ “Умаров Сарвар” ҶСК “Файз” нисбати соли гузашта зиёд гардидааст.

Имрўзҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳр 820 нафар кормандон ба фаъолияти меҳнатö машғул мебошанд. (Нисбати соли 2018 – 51 нафар зиёд).

Ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз иқтидорҳои мавҷуда то 30% зиёд ва шумораи коргаронро то 105 зиёд намуданд, дар соли 2019 ӯҳдадори қабул намуданд.

Ҳамчунин корхонаҳои саноатии шаҳр оиди зиёд намудани ӯҳдадориҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2019 ҳамагӣ ба маблащи 300 млн 22 ҳазор сомонӣ қабул намуда, иҷроиши он дар ёздаҳ моли соли 2019 ба маблащи 282 млн 659,4 ҳазор сомонӣ ё 94,25 –ро ташкил додааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ дар шаҳр тақвият ёфта, бо истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст.

Раёсати маорифи шаҳр бо мақсади ба низом даровардани раванди тарбияи эстетикии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, камхарҷ ва босифат тайёр намудани либосҳои мактабӣ шартномаҳои тарафаӣн бо 3-адад коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ  ба монанди:  СИ «Раупов Раҳим» 13020 адад, СИ «Қодирзода Раҳмонхон» 15946 адад ва СИ «Саидов Бахтиёр» 300 дона ҳамагӣ барои дӯхтани 29266 адад либосҳои мактаби хонандагон шартномаҳо баста буданд, то ин давра корбарӣ намудаанд.

Айни ҳол мувофиқи нақшаи пешбинишудаи Раёсати маорифи вилояти Суғд барои шаҳри Истаравшан 29266 адад барои хонандагон ва омӯзгорон либоси мактабӣ пешбинӣ шудааст, ки иҷроиши он тибқи маълумотҳои оморӣ то сари хониш 29266 адад ё 100,0 фоизро ташкил додааст.

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*