ТАБРИКИ раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода ба муносибати 75-солагии Рўзи Ғалаба

ТАБРИКИ раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода ба муносибати 75-солагии Рўзи Ғалаба

Падарону бобоёни азиз!
Шуморо бо ҷашни 75-солагии Рўзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, рўзгори ободу зиндагии хушбахтонаро таманно менамоям.

Ҷанги хонумонсўзе, ки Германияи фашистӣ оғоз кард, қурбонии зиёд ба бор овард. Насли шўравӣ, ки дар ҳайати он тоҷикон низ буданд, қаҳрамонии бемисл нишон дода, башариятро аз сарафкандагиву ғуломӣ наҷот дод.

Дар ин ҷанг фарзандони Истаравшан низ иштирок доштанд.

Имрўз 4 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзоназар Маманазаров, Ҳайитбой Ҳакимов, Раҷаббой Набиев ва Сулаймон Аюбов бо шукргузорӣ аз даврони осоишта умр ба сар мебаранд. Алҳол синну соли онҳо аз 96 боло буда, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд.

Таърих номи неку кори неки абармардони замонро ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад кард.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*