ТАЪРИХ НОМИ НЕКИ АБАРМАРДОНИ ЗАМОНРО ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАХОҲАД КАРД

ТАЪРИХ НОМИ НЕКИ АБАРМАРДОНИ ЗАМОНРО ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАХОҲАД КАРД

9 майи соли равон ба ифтихори 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар “Майдони Ғалаба”-и шаҳр маросими гулчанбаргузорӣ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муслиҳиддин Маҷидов ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Дар маросим роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъол низ бо эҳтироми хоса ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд.
Зимни суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода кулли мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшанро ба муносибати Рўзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, саодати рўзгор ва барору комёбиҳо таманно намуд. Қайд гардид, ки солҳо мегузаранд, аммо номи неки ҷанговарони қаҳрамон, ки бар ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот додаанд, ҷовидон боқӣ мемонад. Таърих номи неку кори неки абармардони замонро ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад кард.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҷидов Муслиҳиддин паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба – ро ба самъи ҳозирин расонида, аҳли ҳамоиш, меҳтарони ҷанг ва тамоми сокинони Истаравшани бостониро самимона таҳният гуфт.
Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов ва раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилал Мирзо Олимов суханронӣ намуда, аз қаҳрамониву корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фидоиёни ақибгоҳ ёдовар гардиданд.
Дар фарҷом барномаи рангини ҳунарии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдими иштирокчиён гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*