ТАЪСИСИ АНСАМБЛИ РАҚСИИ “АЗИЗА” ВА ДАСТАИ ФОЛКЛОРӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ТАЪСИСИ АНСАМБЛИ РАҚСИИ “АЗИЗА” ВА ДАСТАИ ФОЛКЛОРӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати фарорасии ҷашни таърихии 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис додани ду ансамбл: гуруҳи фолклорӣ-этнографӣ ва гуруҳи рақсии “Азиза” Қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 12.08.21., №465 ба тасвиб расонида шуд. Занону бонувони соҳибзавқ ва соҳибистеъдод метавонанд барои фаъолияти доимӣ дар гурӯҳҳои мазкур ба Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан муроҷиат намоянд.
“АЗИЗА” – ПОЯГУЗОРИ РАҚСИ ТОҶИК
Азиза Азимова 1915 дар қишлоқи Сурхи (Тоҷкистони шимолӣ) ба дунё омадааст. Аз синни 2 солагӣ ба Бухоро кӯчидааст. С. 1927 дар омӯзишгоҳи педагогии занонаи Бухоро таҳсил намуда, дар дастаи ҳаваскорони он ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 1930-1932 ҳунарпешаи Театри сайёри коргарони Тошканд. С. 1932 баъди ба Тоҷикистон омадан артисти Театри давлатии драмаи тоҷик ва раққосаи Театри мусиқии тоҷик (ҳоз. Театри давлатии академии апера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ; 1938-1946) буд. Хатмкардаи шуъбаи режиссёрию балетмейстерии Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Маскав (1951). Солҳои 1951-1964 сарбалетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1964-1965, 1983-1985 дар Театри Кобулнандории Афғонистон устоди рақс буд. Аз 1967 дотсент, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Нақшҳои Ширин («Мубориза»-и А. Усмонов), Раъно (пиесаи ҳамноми А. Саидмуродов), Аделма («Маликаи Турандот»-и К. Готси) ва ғ. дар саҳнаи балет нақшаҳои Нозгул («Ду гул»-и А. Ленский, 1941), Лиза («Эҳтиёткории беҳуда»-и П.Л. Гертел, 1943), Мария («Фавораи боғчасарой» – Б. Асафев, 1945) аз ҷумлаи беҳтарин нақшҳои офаридаи А. мебошанд. Дар драмаҳои мусиқии «Гулсара»-и К. Яшин (1938), «Розия»-и Ё. Акубҷонов ва Н. Зелеранский (1942), «Суруди ғазаб»-и Г.Г. Эл-Регистон ва А.М. Крепс (1942), намоишномаи мусиқии «Лола» (1938) ва нахустин операҳои тоҷик – «Шӯриши Восеъ» (1939) ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян (1940), «Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский (1944) як қатор рақсҳои яккаса ва бисёркасаро бо маҳорат иҷро намудааст. Ба қавли Н. Нурҷонов: А. «яке аз аввалин раққосаҳоест, ки техникаи рақси классикии аврупоиро аз худ намуда, бо унсурҳои рақси миллӣ омезиш додааст» ва ин ҳунарашро ба шогирдон ёд медод. А. балетҳои «Лолаи сурх», «Доктор Айболит»-ро ба саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ гузоштааст. Ӯ муаллифи якчанд китоби дарсӣ, брошюра ва мақолаҳо оид ба санъати хореографии Тоҷикистон аст.
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941) бо 2 Ордени «Нишони Фахрӣ» ва бо 2 Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*