Таъсис гурӯҳи корӣ зидди паҳншавии короновирус

Ҷиҳати андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятии короновирус, дар бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ шуд.
Аз ҷониби мудири бахши фарҳанг Сангинов Ш. ба ҳамаи директорони хонаҳои фарҳанг ва китобхонаҳо супориш дода шуд, ки гурӯҳи тарғиботӣ таъсис дода шавад. Аз тарафи масъулин, оиди роҳҳои пешгирии бемории короновирус,
дар ташкилоту идораҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгашт, осорхона, китобхона ва мактаби бачагонаи санъат ба мардум дуруст ва воқеъбинона шарҳ дода шавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*