ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ФУТБОЛИ ИСТАРАВШАН

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ФУТБОЛИ ИСТАРАВШАН
14 феврали соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ғайринавбатии Федератсияи футболи Истаравшан баргузор гардид.
Дар ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, аъзоёни Федератсияи футболи шаҳр, маъмурият ва бозингарони дастаи футболи “Истаравшан “- и Истаравшан ва клуби мухлисони даста иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа ду масъала мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, масъалаи иштироки даста дар мавсими соли 2021 дар Лигаи олии ФФТ ва дуюм масъалаҳои ташкилӣ.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ҷиҳати такон бахшидани иштирок ва фаъолияти даста ибрози назар намуда, зикр дошт, ки барои куллан тағйир додани соҳа ва баланд бардоштани натиҷагирӣ дар мавсими нав нақшаи чорабиниҳои зарурӣ пешбинӣ карда шуда, бозингарони хориҷӣ ба даста даъват карда шаванд.
Сипас, дар асоси ариза ва хоҳиши худ Асрор Шораҷабов аз вазифаи директори МД КФ “Истаравшан”-и Истаравшан озод карда шуда, ба ин вазифа Алишер Фозилов таъин гардид.
Фозилов Алишер соли 1983 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 2008-2013 дар ҳайатҳои гуногуни дастаи футболи Истаравшан фаъолият намуда, солҳои 2014-2017 роҳбари дастаи футболи “Далерон-Уротеппа” таъин гардид ва дар ин давра таҳти роҳбарии ӯ даста дар Лигаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор баромад карда, натиҷаи хуб нишон додааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*