ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

22 сентябри соли равон бо мақсади бузургдошти 1163-умин солгарди таваллуди шоири машҳури форсу тоҷик Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ ва саҳми ӯ дар рушди адабиёти классикӣ дар майдони “Нишони давлатӣ”-и шаҳри Истаравшан маҳфили адабию фарҳангӣ таҳти унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакист” баргузор гардид.
Дар маҳфили адабӣ муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, собиқадорони меҳнат, зиёиён, ҷавонону наврасон, адибони ҷавон, намояндагони васоити ахбори омма, омӯзгорону хонандагон ва теъдоди зиёди сокинон ширкат варзиданд.
Нахуст муовини раиси шаҳр суханронӣ намуда, зикр дошт, ки ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ бори дигар аз он дарак медиҳад, ки имрӯз калому паёми устод ҳидоятгари ҷомеаи мо ба сӯи арзишҳои маънавӣ, тараннуми инсонгароӣ, ахлоқи олии инсонӣ ва маънавиятпарвариву мардумсолорӣ ба шумор рафта, нуфузи ҷаҳони андешаҳои ӯ ба таъмини ниёзҳои ахлоқи ҷомеаи башарӣ тавассути фармудаҳои устод ишорат мекунад.
Фарорасии рӯзи муборак ва фархундаро, ки ба номи қофиласолори адабиёти тоҷику форс, Одам-уш-шуаро – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тақвими навини миллати мо аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сабт шудааст, ба аҳли қалам ва сокинони шаҳри Истаравшан самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тавфиқу сарбаландӣ ва дастовардҳои нек таманно менамоям.-афзуд муовини раиси шаҳр
Дар рафти баргузории маҳфили адабию фарҳангӣ аз ҷониби хонандагон, адибони ҷавон, мухлисон ва ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ғазалҳо ва сурудҳо аз эҷодиёти маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешкаши ҳаводорони илму адаб ва аҳли нишаст гардида, маҳфили мазкур хеле ҷолиб ва хотирмон доир гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*