ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
19 майи соли ҷорӣ дар назди Майдони “Нишони давлатӣ”-и шаҳр бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии идона бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарон, соҳибкорон ва зиёда аз 5000 (панҷ ҳазор) ҷавонони фаъол баргузор гардид. Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва кишри асосии пешбарандаи ҷомеаи имрузаи мо ба ҳисоб рафта, пойдории давлат ва рушди бемайлони иктисодиву ичтимоии кишвар аз фаъолияти механдуситию ватанпарсатии чавонон вобастагӣ дорад. Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар беш аз пеш меафзояд.
Имруз ҷавонони бостоншаҳр дар роҳи ободиву созандагӣ ва рушди устувори кишвар бо донишу малака, ақлу заковат ва далерию шуҷоатмандӣ дар қатори дигар ҷавонони саодатманди кишвар қадами устувор мегузоранд. Бахусус, дар омузиши илми муосир ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ дастовардҳо назаррасанд. Соли сипаригардида аз 3993 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 1797 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил гардиданд. Илова бар ин, 283 нафар дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. Ҳамзамон соли ҷорӣ 50 нафар идрорпулии Раиси шаҳр, 2 нафар идрорпулии Раиси вилоят ва 10 нафар хонандаи беҳтарин ба стипендияи Президентӣ сазовор гардиданд. Ҳар сол 20 нафар тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ қабул гардида, айни замон онҳо бомуваффақият таҳсил доранд.
Бигзор сулҳу ваҳдат зери сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, вахдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обруи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст, устувор ва пойдор бошад.- афзуд Адҳам Маъмурзода.
Сипас аз рӯи номинатсияҳои рӯзноманигори беҳтарин, хабарнигори беҳтарин, варзишгари беҳтарин, омӯзгори беҳтарин, хонандаи беҳтарин, ҳамшираи шафқати беҳтарин, донишҷӯи беҳтарин, беҳтарин корманди ҳифзи ҳуқуқ, сарояндаи беҳтарин, волонтёри беҳтарин, ҳунарманди беҳтарин,, наворбардори беҳтарин, китобхони беҳтарин, табиби беҳтарин, барқчии беҳтарин, беҳтарин корманди мақомоти прокуратура, беҳтарин корманди мақомоти Судӣ, беҳтарин корманди кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан ва беҳтарин соҳибкор бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндаҳои шинохтаи ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва сарояндаҳои хушсадои бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба чорабинии идона шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар охир ҷавонони фаъол бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихормандӣ аз Пешвои муаззами миллат ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо минбаъд низ барои шукуфоии Ватани азизамон тамоми нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро сафарбар менамоянд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 
              

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*