ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ОМОДАГИИ ҶИДДИРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст, доир ба корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои тарҳрезигардида оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ гузориши аъзои ситоди шаҳрӣ ва масъулини соҳаҳо шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан баргузории як қатор тадбирҳо дар назар дошта шудааст. Ташкили конференсияи илмӣ-назариявӣ дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”, озмунҳои гуногуни эҷодӣ дар муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, чорабинӣ дар сатҳи маҳаллаҳо аз ҷониби занони фаъол, аёдати сарбозони қисмҳои низомӣ, тарбиягирандагони мактаб-интернат, хонаи кӯдакону пиронсолон ва ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун аз зумраи чорабиниҳои пешбинишуда буда, ҷамъбасти тадбирҳо шоми 9 сентябр бо баргузории чорабинии фарҳангӣ дар майдони “Нишони давлатӣ” дар назар аст.
Дар кори ҷаласа аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор гардидани чорабиниҳои пешбинишуда ба аъзои ситоди шаҳрӣ ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*