Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Истаравшан таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат!”

Дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Адҳам Маъмурзода Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Истаравшан таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат!” бо иштироки муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора, мудири бахши фарҳанги шаҳр Назарова Шаҳло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳотамзода Аскар ва зиёда аз 40 нафар ҷавонон фаъол, аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, волонтёрони бахш ва ҷавонони ҷамоатҳои деҳот дар Ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” баргузор гардид.

Сараввал иштирокдорони Фестивал аз тарафи ҷавонони ҷамоат бо намоиши дастоварду ҳунарҳои деҳаи мазкур аз қабили кадбонугӣ, ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои варзишӣ зери садои карнай тантанавор пешвоз гирифта шуданд. Пас аз зиёрати ҷойи таърихии Ҷамоати деҳоти ” Нофароҷ” ҳама роҳ ба сӯйи деҳаи Навобод гирифтанд, ки дар он ҷо барномаи фарҳангӣ аз тарафи ҷавонони деҳаи мазкур омода гардида буд.

Қисми фарҳангӣ бо намоиши суруду саҳнаҳои ҷолиб ва рақсҳои хотирмон баргузор гардид, ки ҳамаи он барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони Истаравшани бостонӣ, бахусус ҷамоатҳои дурдасттарини он гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*