Фестивали шаҳрии  «Ҷилваи рангҳо»

Дар тарабхонаи «Гулдаста»-и шаҳри Истаравшан фестивали шаҳрии «Ҷилваи рангҳо» баргузор шуд.

Дар он аз ҷониби  тарроҳони беҳтарини шаҳр намоиши намудҳою навъҳои либосҳои гуногундӯхти истеҳсоли ватанӣ аз матои табии, аз ҷиҳати экологӣ безарар, бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, бо анвои гуногуни либосу матоъоҳои миллӣ ва муосир  барои  кӯдакону наврасон, духтарону ҷавонон ва занон ба маърази тамошо гузошта шуда, дар гӯшаи дигари он растаи ҳунармандон ташкил карда шуд, ки дар он занону бонувони ҳунарманди Истаравшандиёр  ҳунарҳои дастии худро манзури тамошобинон гардониданд.

Тарроҳон Насиба Искандарова, Сабрина Муҳаммадиева, Зилола Ҷӯраева ва Шарифаи Нарзулло аз рӯи номинатсияҳои:

– Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон;

– Беҳтарин либос дар персонаҷҳои афсонавӣ ва карнавалӣ;

– Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона;

– Беҳтарин либоси рӯзмарраи духтарон ва занон;

– Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон;

– Беҳтарин либоси расмӣ (протоколӣ)

– Беҳтарин либоси фароғатӣ;

– Беҳтарин либос барои хона ва корхона

ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Муовини Раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ба сухан баромада қайд намуд, ки Фестивали “Ҷилваи рангҳо”  бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди саноати сабук, арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, духтарону ҷавонон, тарғиби сарулибос аз матои таббии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, ки як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии фарҳанги либосдӯзии аҷдодӣ баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ,  ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон бахшида ба “Солҳои 2019-2021- солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил карда шудааст.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*