Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст

16 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан даври дуюми озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он наздики 50 нафар хонандагон, донишҷӯён ва сокинони шаҳр ширкат варзиданд.
Нигора Наимҷонзода, раиси комиссияи озмун, сараввал ҳамаи иштирокчиён ва меҳмононро хайра мақдам гуфта муваффақиятро таманно намуд.
Сардори раёсати маорифи шаҳр Диловар Азимов – ҷонишини раиси комиссияи озмун ва ҳакамон:
Шарипов Восит дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷи ДДХ,
Аъзамов Субҳонҷон дотсенти кафедраи забони тоҷики ДДХ, Абдуллоев Ромис номзади илмҳои филологӣ,
Ҳоҷибоева Рухшона роҳбари маркази таҳсили иловагии шаҳри Хуҷанд.
Саидов Азизҷон роҳбари маркази таҳсилоти иловагии шаҳр,
Сангинов Шариф мудири бахши фарҳанг, Раънои Зоирдухт раиси бахши истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омузгорон Анвар Қаюмов ва Валиҷон Акбарӣ дар озмун баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври навбатӣ интихоб намуданд.
15 нафар беҳтарин китобдӯстон сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардида, ба онҳо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*