ХОНАНДАГОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ СОҲИБИ 5 ҶОИЗА ГАРДИДАНД

18-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, ки дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдуллозода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки таълиму тарбияи насли ҷавони боистеъдод яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи маориф эътироф шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирӣ ва ғамхории кӯдакони болаёқат ва соҳибистеъдод қайд намуданд, ки “ғамхорӣ ба кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ барои онҳо ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дорад”. Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявии ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори ҲҶТ аз 03.04.2021, №113) қабул гардид, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан аз ҷумла, Шаҳзода Шарипова – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 аз фанни забони русӣ бо диплом ва медали тилло, Саидаъзамхони Эътиборхон – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 аз фанни таърих бо диплом ва медали нуқра, Маҳсуна Эшонқулова – хонандаи гимназияи №3 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Сабрияи Зуфарзода – хонандаи гимназияи №5 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва Ӯғулой Бобоева – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 аз фанни ҳуқуқ бо диплом ва медали биринҷӣ тақдиронида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муқаррар гардидааст, ки ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба холҳои бадастовардаи онҳо илова мегардад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*