Чорабиниҳо бахшида ба иди Истиқлолият дар шаҳри Истаравшан

Бахшида ба пешвози иди бузурги миллат – 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 95-солагии зодрӯзи  собиқадори меҳнат Имомназар Худойназаров дар маркази дастгирии пиронсолон ва маъюбони ба номи «Имомназар Худойназаров»-и шаҳр, чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр, собиқадорон ва маъюбон баргузор гардид.

Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Абдуваҳҳоб Қаюмов ҷамъомади тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аз ҳаёт ва фаъолияти ин шахси барӯманди диёр ва аз таърихи корҳои неки ӯ ёдовар шуд ва суханро ба муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода вогузор намуд.  Нигора Наимҷонзода низ аз таърихи гузашта ёдовар шуда дар васфи Худойназаров суханҳои неки худро иброз намуд.

Баъдан аъзоёни аҳли оила ва наберагони Худойназаров ба сухан баромада аҳли ҷамъомадагонро бо иди Истиқлолият таҳният гуфтанд.

Қайд шуд, ки 9 майи соли 1924 дар оилаи колхозчӣ, дар деҳаи «Қалъачаи калон» ба дунё омада, аз вазифаи сарҳисобчӣ фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст. Соли 1942 ба сафи армияи советӣ даъват шуда соли 1943 бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудааст. Баъд аз ба итмом расидани Ҷанги Бузурги ватанӣ ҳамчун раиси хоҷагии ҷамоавӣ, Раиси колхози «Правда», Раиси иттифоқи матлуботи Уротеппа кору фаъолият намуда, соли 1994 вафот кардааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*