ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА 32 – ЮМИН СОЛГАРДИ БАРОВАРДАНИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ АЗ ХОКИ АФҒОНИСТОН

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА 32 – ЮМИН СОЛГАРДИ БАРОВАРДАНИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ АЗ ХОКИ АФҒОНИСТОН
15-уми феврали соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзоёни иттифоқи ветеранҳои Афғон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ширкат варзиданд.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ҳозиринро бо ин рӯзи таърихӣ шодбош гуфта, зикр намуд, ки боиси ифтихор ва шукргузорӣ аз даврони истиқлоли Ватан, пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ, ки имруз мардуми сарбаланди тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи бузурги созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи босазо мегузоранд. Дар раванди бунёдкориҳо, тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсии шаҳр нақши босазо доранд, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо ин “Иттифоқи ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ” дар шаҳри Истаравшан мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу шаҳомати бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб гардидаанд. Рӯйдоди таърихӣ 15 феврал, ки бо номи Рӯзи баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон маъмул аст, яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ маҳсуб меёбад. Шуморо бо ин ҷашн, 32-юмин солгарди баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон, ки омили сарҷамъии ҳамяроқонатон гаштааст, аз замири қалб шодбош намуда, бароятон сарбаландию некномӣ, осмони софу беғубор, тансиҳатию хотирҷамъӣ ва дастурхони обод таманно дорам.
Сипас раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилалӣ ва сохти конститутсионӣ Мирзо Олимов аъзоёни иттифоқи ветеранҳои Афғон ва собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ин ҷашн таҳният намуда, аз корнамоиҳо ва ҷасорати ҷанговарони байналмилал ёдовар гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба фаъолони ташкилоти ҷамъиятии шӯрои ҷанговарони байналмилал ва сохти конститутсионӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои пулии раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд. Дар фарҷом баҳри болидахотирии иштирокчиён қисми фарҳангии чорабинии мазкур бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешкаш гардид.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*