Шанбегии умумишаҳрӣ

    Рӯзи шанбе дар кумитаи маҳаллаи “Навобод” бо иштироки зиёда аз 50 нафар истиқоматкунандагон роҳравҳо, назди биною иншоот, ҷӯйборҳо пурра аз партов тоза карда шуда, зиёда аз 4 тонна партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Аз КФД ХМК зиёда аз 50 нафар кормандон ва маъмурият гулу буттаҳо ва дарахтҳои ороишии хиёбонҳои И.Сомонӣ ва Истиқлолро аз алафи бегона тоза намуда обёрӣ намуданд.

      Ҳамчунин гирду атроф ва дохили Қалъаи Муғ аз алафҳои бегона тоза гардид ва обёрӣ карда шуд. Дар корҳои тозагӣ ва ободонӣ зиёда 100 нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Ниҷонӣ, Чорбоғ, Қалъаи баланд ва муассисаи КАТС-2 фаъолона иштирок намуданд.
Дар маҷмӯъ барои ободу зебо гардонидани шаҳр зиёда аз 1000 нафар хоҳишмандон ба кӯчаву хиёбонҳо баромада баҳри тозагӣ саҳм гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳашарчиён бо риояи фосила ва қоидаҳои санитарӣ амал намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*