Шанбегӣ дар Кӯкгунбаз

      Бинобар эълон гардидани якмоҳаи тозагиву ободонӣ дар мавзеҳои таърихӣ, имрӯз дар гирду атроф ва дохили ёдгориҳои таърихии шаҳри Истаравшан шанбегиҳо гузаронида шуданд.
Кӯкгунбаз яке аз ёдгориҳои машҳури Истаравшан ба шумор рафта, сайёҳони дохиливу хориҷӣ мунтазам барои шиносойӣ бо он қадам ранҷа мефармоянд.
Имрӯз наздики 100 нафар кормандони бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр бо сардории Шарифҷон Сангиновба ба шанбегӣ ҳозир шуда, гирду атрофи Кӯкгумбаз, дохили он, девору оинаҳо, роҳраву кӯчаҳои наздики онро аз порӯбу алафҳои бегона тоза намуда, ба ободонӣ машғул шуданд. Инчунин арчаҳои он ба тартиб дароварда шуда, ниҳолҳои нав шинонида шуданд.

     Аз ҷониби кормандони бахши фарҳанг заминҳои атрофи Кӯкгунбаз низ ба тартиб оварда шуда, роҳравҳои тангкӯчаҳо тоза карда шуд.
Кормандони Хонаи фарҳанги №3 ва Китобхонаи №4, ки дар дохили бино
ҷойгир шудааст, баҳри батартиб даровардани утоқҳои кории худ ва китобҳо машғул шуда, ба тозагӣ саҳми худро гузоштанд.
Ҳамчунин имрӯз тамоми корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру деҳоти Истаравшан низ ба шанбегии умумӣ баромада, ба ниҳолшинонӣ, тоза кардани ҷӯйборҳо, сафед кардани танаи дарахтон ва рӯфтани ду тарафи роҳ машғул гардиданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*