Шанбегӣ

Имрӯз бо мақсади ободу зебо гардонидани мавзеъҳои фарҳангии шаҳру деҳоти Истаравшан, тозаву озода гардонидани гирду атрофи он ва назаррабо гардонидани намуди он бо иштироки кормандони бахши фарҳанги шаҳр  шанбегӣ баргузор гардид.

     Дар ин шанбегӣ, ки бо ҷалби роҳбарият, аҳли ҳунар ва кормандон гузаронида шуд, гирду атрофи бинои хонаи фарҳанги деҳаи Яккабоғи Ҷамоати деҳоти Пошкент, дохили китобхонаи ба номи Саидалӣ Маъмур ва боғи назди бино аз алафҳои бегона, хазон ва партовҳо тоза карда шуда, дарахтҳо ба тартиб дароварда шуданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шанбегиҳо аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан бо сардории Шариф Сангинов мунтазам ба роҳ монда шуда, ҳар ҳафта баргузор намуданӣ чунин шанбегӣ дар дигар мавзеъҳои таърихии шаҳр низ ба нақша гирифта шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*