Шиносоии и.в раиси шаҳр аз фаъолияти Раёсати агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва меҳнат, бахши хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳр

Нимаи дуюми 29 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолияти Раёсати агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва меҳнат, бахши хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳр шиносоӣ пайдо намуд.
Зимни шиносоӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ҷиҳати кам кардани сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан, бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, бо шуғли доимӣ ва касбомўзӣ фаро гирифтани занону бонувон ва бо ин васила мунтазам гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои нави корӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*