Шиносоии и.в. раиси шаҳр бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-ноябри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонӣ, ки дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ карор мегиранд, аз наздик шинос шуд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ҳудуди шаҳр ташвишовар боқӣ мондааст, ин тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди назди бозори марказӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонии пули мошингузар, ки мушкилоти тамбашавии нақлиётро бартараф менамояд, боздид намуда, изҳор дошт, ки корҳо дар ин самт бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муайянгардида таъмин карда шаванд.

Инчунин, аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ, воқеъ дар деҳоти Гули Сурх, деҳаи Равғангарон, ки бо дастгирии сокинони маҳаллӣ бунёд шудааст, маркази хизматрасонӣ дар Хиёбони Ваҳдат ва маҷмааи варзишӣ дар Хиёбони Исмоили Сомонӣ дидан намуда, барои тақвияти корҳо тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*