Шиносоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Адл”

     Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо фаъолияти ҶДММ “Адл” шинос гардид. Дар корхонаи “Адл” барои кӯдакон якчанд номгӯи бозичаҳо, аз ҷумла мошинчаҳои бачагона, сечарха(велосипеди кӯдакона), аробачаҳои чорчарха (коляска), роҳпаймо (ходоног) ва навъҳои гуногуни велосипеди дучарха истеҳсол карда мешавад. Дар корхона аз пластмассаи махсуси сифатнок маҳсулоти босифат ва бехатар истеҳсол мегардад, ки серхаридор мебошад. Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои зиёд намудани номгӯи маҳсулот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар назди роҳбарияти шаҳр вазифагузорӣ намуд.
      Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри зиёд намудани ҳиссаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳо соли 2020 дар шаҳр ба маблағи 555 млн. 796,1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Корхонаҳои саноатии шаҳр, аз ҷумла ҶСП «Оби Зулол», ҶСП «Мк-Баракат», ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ноҳид», «Адл», «Автошина», «Кова», «П.Комилов», «Шаҳло», «Покиза – 2013», «Бунёдкор – Б», «Чашмаи Мурод», «Суғд нурпласт», ҶСК «Файз», «Сифат – 2017», «Аъло-7», «Ҳаёт – Ҳ», «Ҳадид», «Мк – Баракат» ва «Ҳаит Ваҳобов» нишондиҳандаҳои истеҳсолиро беҳтар намуданд.
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*