ШИНОСОИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ДЕҲОТИ ПОШКЕНТ

ШИНОСОИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ДЕҲОТИ ПОШКЕНТ
19 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр аз ҷараёни кишти картошка дар деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти мазкур дар майдони 240 га замин картошка кишт менамоянд.
Дар маҷмуъ, соли 2021 дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан дар тамоми шакли хоҷагидорӣ дар 3104 га замин картошка кишт карда мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 380 га зиёд мебошад.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*