ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ҶАШНИ НАВРӮЗ ВА 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ТАШКИЛОТРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

24 марти соли ҷорӣ дар чойхонаи миллии “Чаманоро” чорабинии идона ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-умин солгарди таъсисёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ширкат варзида, ҳозиринро ба ин муносибатҳо шодбош гуфт ва қайд намуд, ки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр аз ниҳодҳои ҷамъиятии фаъол дар ҳудуди шаҳри Истаравшан маҳсуб ёфта, аъзоёни он барои татбиқи сиёсати давлатӣ, тарбияи насли наврас, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа саҳми назаррас доранд.
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов ба сухан баромада, аз таърихи таъсисёбӣ, аъзоёни фаъоли он, тадбирҳои амалинамуда, иқдомҳои минбаъда ва вазифаю масъулияти аъзои Шӯроро ёдовар шуда, барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ нисбат ба собиқадорон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос баён намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинии идона тарбиягирандагони Маркази дастгирии оила ва кӯдак “Фарзанди Ватан” иштирок ва бо қироати шеърҳои наврӯзӣ иштирокчиёнро болидахотир намуданд.
Дар фарҷом як қатор аъзои фаъоли Шӯрои собиқадорон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

            

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*