ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДОИР ГАРДИД

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар заминаи роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмазода ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябри соли ҷорӣ дар ду нуқтаи шаҳри Истаравшан – дар назди майдони Ғалаба (маҳаллаи Зафар) ва назди бинои Раёсати молияи шаҳри Истаравшан (маҳаллаи Уротеппа) ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Аз ҷараёни ташкил ва баргузории ярмаркаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дидан ба амал оварда, зимни суҳбат бо сокинон ва фурушандагон таъкид намуд, ки мақсад аз андешидани чунин тадбирҳо ин таъмин кардани аҳолии шаҳр бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва дастрас намудани маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон мебошад.
Воқеан, кишоварзон маҳсулотҳоро нисбат ба нархи бозор аз 10 то 30 фоиз арзон ба фуруш гузоштанд, ки ин боиси қаноатмандии сокинони шаҳри Истаравшан гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Дар

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*