ЯРМАРКА-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ЯРМАРКА-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

25 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳр дар маҳаллаи “Зафар” (майдони Ғалаба) ва гардиши маркази дандонпизишкии шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид.
Дар ярмарка-фурӯш маҷмӯъан 63 тонна маҳсулоти кишоварзию саноатӣ аз он 51,12 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 12 тонна маҳсулоти саноатӣ пешкаши сокинон гардонида шуда, аз ҷониби деҳқонон дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни озуқаворӣ аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзи, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гўшти гов, гусфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гуштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади фаровонии дастурхони сокинон дар арафаи соли нави мелодӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмарка санаи 26 декабри соли ҷорӣ низ идома ёфта, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро бо сифати хуб ва нархи дастрас харидорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*