Ғамхории Пешвои миллат

Дар пайравӣ ба иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳтиёҷмандон ва кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо соҳибкори ватанӣ Абдуғаффоров Абдузамир ба 25  нафар ятимони кулл кӯмаки яквақтаина аз қабили орд (50кг), равған (5литр) ва маблағи пулӣ ба андозаи (500 сомонӣ) барои ҳар яки онҳо расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки ташаббуси инсондӯстонаи соҳибкори мазкур дар шароити доман паҳн намудани пандемияи коронавирус дар миқёси олам саривақтӣ буда, ин кӯмакҳо баёнгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Умед бар он дорем, ки дигар соҳибкорони Ватани азизамон низ чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстонаро сармашқи кори худ қарор медиҳанд…

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*