ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Дар заминаи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, таҳти №АП-43 дар шаҳри Истаравшан моҳи июли соли ҷорӣ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида буд, ки аз рӯи 4 номинатсия 665 нафар довталабон иштирок намуданд.Тибқи талаботи Низомномаи озмун аз байни онҳо 34 нафар ғолибон муайян карда шуданд.
Вобаста ба ин 15 сентябри соли равон маросими қадрдонии ғолибони даври шаҳрии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар маросими қадрдонӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовинони раиси шаҳр, сардори раёсати маорифи шаҳр ва раиси бахши Истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Зимни суханронии худ раиси шаҳри Истаравшан ғолибони озмуни мазкурро шодбош гуфта, ба онҳо сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ дар умум ба маблағи 20 ҳазору 500 сомонӣ тақдим намуд.
Ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ бо пешниҳоди шеърҳо дар васфи Ватан, модар, Истиқлоли давлатӣ изҳор доштанд, ки дар озмунҳои навбатии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва нуфузу эътибори шаҳри бостонии хешро боз ҳам баланд мебардоранд. Дар ҷамъбаст баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби аҳли санъати бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*